Пойинтарин мизони маош дар ИДМ барои шаҳрвандони Тоҷикистон
Маркази пажӯҳишии мактаби олии иқтисодии Русия миёнгини мизони маош ва дастмузди моҳонаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ё Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро мунташир кард, ки Тоҷикистон дар пойинтарин радда қарор дорад.
Ба гузориши сомонаи Маркази пажӯҳишии мактаби олии иқтисодии Русия, дар соли 2017 ва шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон дар байни 10 кишвари узви Ҷомеаи Ҳамсуд бо 127 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш дар раддаи пойин қарор гирифта аст.
Бар асоси ин раддабандӣ Қирғизистон бо 216 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш болотар аз Тоҷикистон воқеъ шудааст. Ин шохис дар Ӯзбакистон 250 доллар аст.
Ин шохис дар Русия 660 доллар аст, ки болотарин мизони маош ва дастмузди моҳонаи шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ба ҳисоб меояд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон бо 430 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш дар раддаи нахуст ва пас аз Русия дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар мақоми дувум қарор гирифта аст.
Бар ин асос, миёнгини мизони маоши моҳона дар Беларус 421 доллар, Арманистон 365 доллар, ҷумҳурии Озарбойҷон 306 доллар, Молдова 308 доллар ва Украина 272 доллар мебошад.
Ин омор нишон медиҳад, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ мизони маош ва дастмузди моҳонаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ба ғайр аз Тоҷикистон, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо афзоиши чанддолларӣ ҳамроҳ будааст.