Афзоиши интиқоли пул ва захоири тилло ба Тоҷикистон
Ҳаҷми маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баъд аз се моҳи коҳиш боз барқарор шудааст
Ба нақл аз Форс, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси бонки милии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба Тоҷикистон тақрибан 90 млн. доллар бештар ворид шудааст.
Вай афзуд, ки дар моҳи апрел-июн соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ коҳиши интиқолҳои пулӣ ба қайд гирифта шуда буд.
"Ҳоло вазъ муътадил шуда рӯ ба афзоиш овардааст",- гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, таъкид кард, ки тақрибан 86 дарсади интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба рубли русӣ сурат гирифтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки бино ба иттилои Бонки марказии Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 487 миллион доллар интиқол ёфта буд.
Ба иттилоъи манбаъ, ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 64 миллион доллар афзойишро нишон медиҳад.
Ёдовар мешаввем, ки соли 2017 ҳаҷми маблағҳои интиқолдода аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 536 миллион доллар буд.