Июл 26, 2018 15:38 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон: Таҳрим монеи содироти колоҳои эронӣ намешавад

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Таҳримҳои Амрико наметавонад монеи содироти колоҳои эронӣ шавад ва Тоҷикистон аз таҳримҳое, ки алайҳи Эрон эъмол мешавад, истиқбол намекунад.  

Ба нақл аз Ирно, Неъматуллоҳи Имомзода, бо ишора ба кайфияти болои бисёре аз тавлидот ва маҳсулоти эронӣ, тасреҳ кард: Колои эронӣ дар ҳама ҳол ва ҳамаҷо муштарии худро дорад ва бобати арзаи ин колоҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон нигаронии чандоне вуҷуд надорад.

Ӯ равобити Теҳрон-Душанберо матлуб хонд ва гуфт: Тоҷикистон аз рушд ва тавсеаи равобити Эрон бо дигар кишварҳо ҳимоят мекунад.  

Вай фарши дастбофтро яке аз колоҳои боарзиши эронӣ донист ва афзуд: Тоҷикистон корхонаҳои бузурги қолибофӣ дорад ва ба дунболи ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бузурги эронӣ дар заминаи тавлиди фарши дастбофт аст, то аз фанновариҳои рӯз дар ин ҳунар баҳраманд шавад.

Беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии исломии Эрон мунъақид шуда ва дар дасти иҷрост.