Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар
(last modified Fri, 27 Jul 2018 15:05:41 GMT )
Июл 27, 2018 20:05 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар

Бонки Миллии Тоҷикистон дар гузорише аз коҳиши 6.5 дарсадии арзиши сомонӣ дар баробари доллари Амрико дар шашмоҳаи нахусти имсол (2018) хабар дод.

Ба гузориш хабаргузории Форс, Бонки Миллии Тоҷикистон далели коҳиши арзиши пули миллии ин кишвар дар муқобили долларро қабл аз ҳама ба коҳиши нархи рубли Русия дар баробари доллар муртабит донист.

Коҳиши нархи сомонӣ дар муқобили доллар дар моҳи апрели имсол 0.9 дарсад, дар моҳи май 1.3 дарсад ва дар июн 1.6 дарсад сабт шудааст.

Илова бар ин сомонӣ дар нимаи дувуми моҳи июли имсол дар муқобили доллар 2.7 дарсади дигар коҳиш ёфт ва ба ин тартиб нархи расмии сомонӣ дар муқобили доллар аз аввали имсол то ба имрӯз дар маҷмӯъ 6.5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бинобар эъломи Бонки Миллии Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии арз, гурӯҳҳои нозир, аз ҷумла намояндагони ин бонк ва Додситони кулли Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Аз сӯи дигар Бонки Миллии Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол беш аз 2.3 миллиард сомонӣ барои таъмини иқтисоди ин кишвар бо пули нақд, ба бозор ворид кард.

 Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми нақдинагии дар гардиш, дар Тоҷикистон 12.3 миллиард сомонӣ аст, ки 5.7 дарсад бештар аз аввали соли 2018 аст.