Июл 28, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Фаронса бар тавсеаи муносиботи тиҷорӣ

Раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва сафири Фаронса дар дидоре чашмандози таомулоти дуҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор тарафайн вазъият ва дурнамои таомулоти дуҷониба дар ҳавзаи тиҷорат ва иқтисод миёни Душанбе ва Порисро баррасӣ карданд.

Масоили марбут ба афзоиши ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ, теъдоди ширкатҳои муштарак, сармоягузорӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ миёни ду кишвар мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифт.

Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории тарафайн дар ҳавзаи энержӣ, кишоварзӣ, фановарии иттилоот, металлургия, маъдан, саноати кимиёӣ, сохти роҳҳо, хадамоти беҳдоштӣ ва омӯзиши нерӯи инсонӣ баррасӣ шуд.

Раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар суханоне дар мавриди имкони ҷазби фанновариҳои модерн ба Тоҷикистон ва эҷоди зарфиятҳо барои фароварии гиёҳони доруии бисёр арзон барои тавлиди дору, атру лавозими ороишӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ сӯҳбат кард.

Шариф Саид иҷрои проектҳои муштарак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фаронсавӣ дар қаламрави Тоҷикистонро гоми муҳиме унвон кард.

Гуедар низ равобити дар ҳоли тавсеа миёни Порис ва Душанберо мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, Фаронса омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла энержӣ, фанноварии иттилоот, кишоварзӣ, фароварии маҳсулоти кишоварзӣ, гардишгарӣ, фарҳанг, беҳдошт, омӯзиш ва парвариш аст.

Ширкатҳои фаронсавӣ қасди пиёдасозии теъдоде аз проектҳо дар маҳдудаи Тоҷикистонро доранд, ки иҷрои он мунҷар ба густариши иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар хоҳад шуд.