Маҳкумияти зиндон барои мухолифат бо бастани масҷид дар Турсунзода
(last modified Sun, 29 Jul 2018 03:04:23 GMT )
Июл 29, 2018 08:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои мухолифат бо бастани масҷид дар Турсунзода

Додгоҳи шаҳри Турсунзода, Қаюм Сидиқов сокини рустои Нурободи ин минтақаро ба иттиҳоми мухолифат бо бастани масҷиди ин русто ба 3 сол зиндон бо низоми сахт маҳкум кард.

Ба гузориши Авесто, мақомоти ин ноҳия муддаӣ шудаанд, масҷиди рустои Нуробод ҳуҷҷатҳои лозим барои сабти ном надошт, ба ҳамин далел ҳам баста шуда ва ба дафтари кумитаи маҳалла табдил ёфтааст.

Аммо Қаюм Сидиқов чанд бор дар суханрониҳои худ бо мухолифат ба тағйири корбарии масҷиди рустои Нуробод, масъулони ноҳияи Турсунзодаро "кофир" хитоб кардааст ва акнун ба иттиҳоми тавҳин ба мақомоти маҳаллии давлат ва барангехтани танаффури мазҳабӣ бояд 3 сол маҳкумиятро дар зиндони дорои низоми сахт бигузаронад.

Ин нахустин маврид дар низоми додгоҳии Тоҷикистон аст, ки як шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳоми дифоъ аз масҷид ба зиндон маҳкум мешавад.

Манобеи хабарии мустақил аз баста шудани 561 масҷид дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон хабар додаанд, ки теъдоде аз онҳо бо тағйири корбарӣ ба кӯдакистон, коргоҳҳои дузандагӣ, чойхона ва амсоли он табдил шудаанд.

Аз сӯи дигар бар асоси омори расмии Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар соли 2017 дар ин кишвар беш аз 1700 масҷид ба далели надоштани санадҳои сабт ном, баста шудаанд.