Июл 29, 2018 08:37 Asia/Dushanbe
  • Созмонҳои ҳуқуқи башар хостори интиқоли набераи Кабирӣ ба хориҷ

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардаанд, барои интиқоли ҳарчи сареътари Ҳамза Тиллозода набераи раиси ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ ба хориҷ мусоидат кунанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо интишори баёнияи муштараке ин дархостро аз мақомоти Тоҷикистон кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ду рӯз қабл Саида Умарзода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт буд, Ҳамза Тиллозода набераи чаҳорсолаи Муҳиддин Кабирӣ мубтало ба саратони пешрафта аст ва дармони ӯ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Аммо Руҳуллоҳ Тиллозода падари ин кӯдак, ки дар хориҷ ба сар мебарад, гуфтааст, бемористонҳое дар Олмон, Туркия ва Русия омодагии худро барои пазириши фарзандаш эълом кардаанд ва бояд ҳарчи сареътар ба хориҷи кишвар мунтақил шавад.

Аз сӯи дигар модари ин кӯдак гуфтааст, пизишкони тоҷик як амали ҷарроҳӣ рӯйи Ҳамза анҷом додаанд, ки пас аз ин иқдом, бемории ӯ ба шиддат пешрафт кардааст.

Хонум Мижгона Зайниддинова таъкид кардааст, қаблан чанд бор талош кардаанд, ки кӯдаки беморшонро ба хориҷ мунтақил кунанд, аммо ба далели надоштани мадорики шиносоӣ муваффақ ба ин кор нашудаанд.

Акнун мақомоти вазорати Корҳои дохилаи Тоҷикистон ваъда додааст, ки барои ин модар ва кӯдак гузарномаи нав содир хоҳад кард, то заминаи сафари онон ба хориҷи кишвар фароҳам шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷамъоварии имзо барои номаи дархост аз Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидати вай ба мавзӯи интиқоли Ҳамза Тиллозода ба хориҷи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунон идома дорад.

Гуфта мешавад, ки тайи шаш рӯз 114 ҳазор нафар ин номаро имзо кардаанд.