Ҳаракати автобусҳои ҷадиди ҷопонӣ ба зудӣ дар пойтахти Тоҷикистон
Дар хатсайри рақами 25 шаҳри Душанбе автобусҳои нави Ҷопонӣ ISUZU ҳаракат хоҳанд кард.
Ба иттилои Sputnik, шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи "Зарафшон" то бозори "Меҳргон" автобусҳои нав ҳаракат мекунанд, дар ин бора хабар додааст шаҳрдории шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети худ аз Туркия 100 адад автобуси ISUZU харидорӣ намудааст.
"Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбудӣ мебахшанд", — таъкид кардааст манбаъ.
Инчунин шаҳрдории шаҳри Душанбе изҳор кардаанд, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд, ки наздик ба 80 дарсади онҳо хусусӣ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта шаҳрдорӣ аз Туркия 140 адад автобусҳои ISUZU харидорӣ карда буд.