Боздошти ҷавони тоҷик дар Русия ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ
Кормандони полиси шаҳри Санкт- Петербург як шаҳрванди 26 - солаи Тоҷикистонро, ки қасди пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ -ро дошт, боздошт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи “Фонтанка”, ин коргари ҷавони муҳоҷири тоҷик аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники” ва “ВатсАп" бо мубаллиғон ва нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ иртибот барқарор карда ва қасди рафтан ба Сурия дар соли 2017 - ро доштааст.
Вай барои пайвастан ба ин гурӯҳ дар соли 2017 аз Санкт- Петербург ба Маскав омад, аммо ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои масири Истанбул тавассути кормандони амниятӣ бозгардонда шуд. Сипас дубора ба шаҳри Санкт - Петербург баргашт ва ба мукотиботи худ бо мубаллиғони гурӯҳи ДИИШ идома дод.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар паёмҳояш таъкид кардааст, ки ба дунболи роҳи хурӯҷ аз Русия аст то ба Сурия биравад ва ба гурӯҳи ДИИШ бипайвандад.
Як шаҳрванди дигари 23 - солаи Тоҷикистон, ки аз сӯйи мақомоти қазоии Русия таҳти пайгард қарор дошт, дар ин кор ба вай кумак мекунад.
Акнун вай дар боздошт ба сар мебарад ва ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, фаъолияташ дар Русия мамнуъ шуда ва дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд.
Теъдоди зиёде аз коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия ба далели қарор гирифтан таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафтаанд, ки иддае кушта шудаанд ва сарнавишти бақия мушаххас нест.