Июл 31, 2018 09:39 Asia/Dushanbe
  • Душвор будани иҷрои қавонини муҳоҷиратии Русия барои коргарони хориҷӣ

Раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия муътақид аст, ки иҷрои қавонини муҳоҷиратии ин кишвар барои коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ бисёр душвор аст.

Ба гузориши “Спутник”, Ринат Каримов гуфтааст, ки дар аксар маврид қавонини муҳоҷиратии Русия ба далели амал накардани корфармоёни рус ба тааҳҳудоташон нақз мешавад, ки мӯҷиби ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак мегардад. Ба гуфтаи Каримов, бар асоси қонуни муҳоҷирати Русия, корфармо ва муҳоҷирон муваззафанд, ки раванди сабти ном, дарёфти муҷаввизи кор ва иқомати коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистонро анҷом диҳанд, аммо онон ба ин тааҳҳуд амал намекунанд ва ин банди қонун нодида гирифта мешавад. Ӯ афзуд, дар сурати мушоҳидаи нақзи қонуни Русия коргарони муҳоҷир муқассир муаррифӣ мешаванд ва заминаи ихроҷи онон аз қаламрави Русия фароҳам мегардад, ҳол он ки танҳо тааҳҳуди коргари муҳоҷир ироаи мадорики шиносоии хеш аст.

Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом кардааст, имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дувумин ҷамъияти коргарони муҳоҷир дар Русияро ташкил медиҳанд. Бар асоси эъломи ин ниҳод, имсол ҳашт миллиону 216 ҳазору 12 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир сабти ном шудаанд, ки як миллиону 131 ҳазору 392 нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Аз нигоҳи теъдоди коргарони муҳоҷири сабтиномшуда дар Русия дар соли 2018, кишвари Узбакистон бо ду миллиону 247 ҳазору 519 нафар дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар шаш моҳи нахусти имсол 16 ҳазору 324 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки пас аз Украина ва Қазоқистон дар радифи сеюми дарёфти шаҳрвандӣ аз Русия қарор мегиранд.

Дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромада буданд.