Август 01, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Амният - ангезаи гардишгари кушташудаи нидерландӣ барои сафар ба Тоҷикистон

Гардишгари нидерланди (ҳоланди) - и кушташуда дар ҳодисаи террористӣ дар Тоҷикистон, сафар ба ин кишварро ба хотири амният интихоб карда буд.

Ренне Вокке, шаҳрванди 56 - солаи нидерландӣ дар ҳамлаи террористии рӯзи якшанбеи 29-уми июл дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон кушта шуда буд.

Эрик Вокке, бародари мақтул ба нашрияи ҳоландии “Телеграф” гуфтааст, Ренне аз Таиланд озими Эрон буд, вале ба далели масоили амниятӣ аз идомаи сафар аз масири Афғонистон худдорӣ ва масири Тоҷикистонро интихоб кард.

Ким Постмаи, хонуми дӯст ва ҳамсафари 58 - солаи Ренне дар ин сафар, дар ҳодисаи террористии рӯзи якшанбе захмӣ шуд ва акнун дар бемористоне дар шаҳри Душанбе бистарӣ аст.

Ренне Вокке, гардишгари ботаҷрибае буд, ки дар тӯли умраш ба 130 кишвари ҷаҳон (умдатан кишварҳои осиёӣ) сафар карда буд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба ҳафт гардишгари хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт, чаҳор нафар кушта ва 3 нафар захмӣ шудаанд.