Август 03, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҷануби Узбакистон корхонаи тавлиди семент месозад

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз сохти корхонаи тавлиди семент дар ҷануби Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода афзуд, ин корхона бо сармоягузории як ширкати хусусии тавлиди семент дар Тоҷикистон, дар маҳдудаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон сохта мешавад.

Вай дар идома таъкид кард: Мо аз бахши хусусии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвари ҳамсоя истиқбол ва ҳимоят мекунем.

Бар асоси суханони вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ду тараф қасд доранд дар ояндаи наздик мубодилаи тиҷорӣ миёни Душанбе ва Тошкандро то як миллиард доллар афзоиш диҳанд.

Ҳаҷми куллии мубодилаи тиҷории миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, 128.3 миллион доллар буд, ки 69 миллион доллар бештар аз замони мушобеҳи соли 2017 аст.

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ маҳсулоти худро ба арзиши 75 миллион доллар ба Узбакистон содир ва аз ин кишвар низ 53.3 миллион доллар маҳсулот ворид кард.