Норавшанӣ дар ҳалли мушкили бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бораи ҳалли мушкили пардохти нафақаи бознишастагии ин афрод дар ин кишвар шакку тардид дорад.
Ба гузориши “Спутник”, хонум Гавҳар Ҷӯраева гуфтааст, корфармоёни рус ҳамвора талош мекунанд, ки аз пардохти молиёт фирор ва коргарони муҳоҷирро бидуни сабти ном ва доштани иҷозатномаи кор истихдом кунанд.
Амалан, коргарони муҳоҷири тоҷик барои дарёфти нафақаи бознишастагӣ дар Русия, бояд солҳои зиёде дар ин кишвар фаъолият карда ва маблағи бимаи таъмини иҷтимоиро пардохт карда бошанд.
Аммо Гавҳар Ҷӯраева муътақид аст, корфармоёни рус худ ҷонибдори кору фаъолияти расмӣ ва қонунии коргарони муҳоҷири тоҷик нестанд ва моил ҳастанд бештар коргарони муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор гиранд то битавонанд аз пардохти молиёт ва бимаи таъмини иҷтимоӣ фирор кунанд.
Бо вуҷуди музокироти тӯлонии мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҳалли мавзӯи дарёфти нафақаи бознишастагӣ барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия, Маскав ҳанӯз ҳам ин тарҳро напазируфтааст.
Ҳатто қаблан Александр Калинин, раиси Комиссияи муҳоҷирати шаҳрдории Маскав гуфта буд, то ин мавзуъ дар қиболи коргарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаллу фасл нашавад, дар мавриди нафақаи бознишастагии шаҳрвандони Тоҷикистон сухан гуфтан зуд аст.
Ба гуфтаи Калинин, давлати Русия дар ҳоли ҳозир ин мавзӯро дар дасти баррасӣ дорад, аммо авлавият бо коргарони муҳоҷири кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон аст ва пас аз тасвиби созишнома дар бораи наҳваи пардохти нафақаи бознишастагии ин афрод, навбат ба Тоҷикистон, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, хоҳад расид.
Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати тавофуқи Маскав ва Душанбе бар сари ин мавзуъ, беш аз 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ метавонанд аз Русия нафақаи бознишастагӣ дарёфт кунанд.
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз 20 сол фаъолият кардаанд ва бо вуҷуди пардохти молиёт ва ҳаққи бимаи иҷтимоӣ наметавонанд аз дарёфти нафақаи бознишастагӣ аз ин кишвар бархурдор шаванд.