Август 04, 2018 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи ДИИШ - зарба задан ба гардишгарӣ ва амнияти Тоҷикистон

Коршиноси аршади Шӯрои равобити хориҷии Русия муътақид аст, ҳадафи асосии ҳамлаи ахири гурӯҳи террористии ДИИШ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, зарба задан ба бахши гардишгарӣ, зери суол бурдани амнияти ин кишвар ва хадшадор кардани чеҳраи ҳукумати ин ҷумҳурӣ будааст.

Ба гузориши “Спутник”, Никита Мендкович гуфтааст, акнун мавзӯи аслӣ ин аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ теъдод ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ вуҷуд дорад, ки метавонад амнияти ин ҷумҳуриҳоро таҳдид кунад.

Зеро аз қабл коршиносон дар мавриди бозгашти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз шикаст дар Сурияву Ироқ ҳушдор медоданд, ки ба назар мерасад ин мавзуъ аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ нодида гирифта мешавад.

Ба далели ҳаммарз будани Тоҷикистон бо Афғонистон, заминаи афзоиши таблиғоти пинҳонии ин гурӯҳи террористӣ дар миёни ҳастаҳои хуфтаи худ дар дохили Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Ба далели рушди қобили мулоҳизаи бахши гардишгарӣ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон, гурӯҳи террористии ДИИШ бо қатли гардишгарони дучархасавори хориҷӣ, қасди эҷоди фазои тарсу ваҳшат, ноамн ҷилва додани ин кишвар ва махдуш кардани эътибори байналмилалии ин ҷумҳуриро дорад.

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз 9 муттаҳами ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, панҷ нафар кушта ва чаҳор тани дигар боздошт шудаанд.

Бар асари ин ҳамлаи террористӣ, чаҳор гардишгари дучархасавори хориҷӣ кушта ва се гардишгари дигар низ захмӣ шудаанд.