Сентябр 07, 2016 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон бар сари роҳи оҳани минтақаӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳал нашудани ихтилофи Душанбе, Кобул ва Ишқобод бар сари роҳи оҳани ҷадиди минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши "Авесто", ин се кишвар бар сари макони иттисоли роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон ихтилоф доранд.

Мақомоти Душанбе муътақиданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон ба ин кишвар, бояд ноҳияи марзии Шаҳритӯс бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камҳазинатар аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахши афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кӯтоҳтар хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Туркманистон бо ин тарҳ мухолифат мекунад.

Мақомоти Туркманистон бар таъйини бандари Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон, ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунанд.

Бонки Рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели ихтилофи назари Душанбе ва Ишқобод, ба таври муваққат ҳамкории худро ба таъхир андохтааст.

Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори руасои ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ишқобод имзо шудааст.

 

Барчасп