Август 06, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти қозии боздоштшуда ба иттиҳоми ришваситонӣ дар боздоштгоҳи Хуҷанд

Раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд, ки 10 рӯз қабл ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд фавтидааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Икром Ҷумъазода ҳангоми дарёфти маблағи як ҳазору 500 доллар ришва аз як фард боздошт шуда ва бо ҳукми раисҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми хеш барканор шуда буд.

Қаблан манобеи хабарӣ маблағи ришваи дарёфтии ин қозиро 16 ҳазор доллар эълом карда буданд.

Аммо Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин маблағ як ҳазору 500 доллар аст.

Наздикони Икром Ҷумъазода гуфтаанд, ки ҳоли вай дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вахим шуда ва ҳангоми интиқол ба бемористони ин шаҳр фавт кардааст.

Чанд рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне ин қозиро ба далели иртикоби аъмоле, ки боиси паст задани ҷойгоҳи корманди додгоҳ мешавад, аз мақомаш барканор карда буд.

Дар Тоҷикистон низоми додгоҳӣ яке аз фасодзадатарин ниҳодҳо ба ҳисоб меояд.