Сентябр 07, 2016 11:31 Asia/Dushanbe
  • Гулмурод Ҳалимов артиши Тоҷикистонро таҳдид кард

Гулмурод Ҳалимов, полковник (сарҳанг) -и фирории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва фармондеҳи низомии тозамансубшудаи гурӯҳи террористии ДИИШ, сарбозони артиши ин кишварро таҳдид кардааст.

Ба гузориши сайти "ТОП.тҷ", мақомоти қазоии Тоҷикистон барои баррасии ҷузиёти паёмакҳои таҳдидомези Гулмурод Ҳалимов иқдом кардаанд.

Гулмурод Ҳалимов дар ин паёмакҳо, ки ба телефонҳои ҳамроҳи сарбозони артиши Тоҷикистон ирсол шуда, таҳдид кардааст, ки 9-уми сентябри имсол, ҳамзамон бо 25-умин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон табрики вижае барои сарбозони артиши ин ҷумҳурӣ омода кардааст, ки барояшон ғофилгиркунанда хоҳад буд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон ба тозагӣ таҳқиқ дар бораи таъйини Гулмурод Ҳалимов ба симмати вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ-ро оғоз кардаанд.

Номи ин сарҳанги фирории тоҷик дар рӯзҳои ахир ба далели интишори хабари таъйини вай ба унвони вазири ҷанги гурӯҳи такфирии ДИИШ хабарсоз шудааст.

Ҳамзамон бо таъйини ҷоизаи 3 миллион долларии Амрико барои касби иттилоъ аз макони ҳузури Гулмурод Ҳалимов, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон баррасии мизони аҳамияти вай барои гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамоҳангӣ бо дигар кишварҳо барои нобудии ӯро оғоз кардаанд.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 40 сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамин сол бо интишори паёме видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

 

Барчасп