ДИИШ Тоҷикистонро таҳдид ба ҷанг кард
(last modified Tue, 07 Aug 2018 05:11:49 GMT )
Август 07, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ Тоҷикистонро таҳдид ба ҷанг кард

Гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ таҳдид кард, ҷангро ба Тоҷикистон хоҳад кашонд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар сабти савтие, ки рӯзи душанбе дар интернет мунташир шуд, яке аз саркардаҳои тоҷикистонии ДИИШ ба номи Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абуусомаи Норакӣ хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сиёсатҳои давлати ин кишвар дар баробари дини мубини Ислом ва мусалмононро ба боди интиқод кашид ва таҳдид ба кӯчонидани ҷабҳаи ба иддаои вай "ҷиҳод" ба Тоҷикистон кардааст. Абуусомаи Норакӣ муддаӣ шудааст, дар сурати вуқӯи ҷанги ДИИШ дар Тоҷикистон ҳампаймонони давлати ин кишвар ба шумули Амрико ва Русия наметавонанд кумакаш кунанд, чун худи онҳо дигар тавони пешинро надоранд.

Мушаххас нест, ки ин навор кай сабт шуда ва ба навиштаи “Ахбор”, дар он ишорае ба ҳамлаи террористии аъзои ДИИШ ба гардишгарони хориҷӣ дар шаҳристони Данғара нашудааст. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 29 июл рух дод, чаҳор гардишгар кушта ва ду нафар захмӣ шуд. ДИИШ масълияти ин ҳамларо ба уҳда гирифт. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон панҷ нафар аз авомили ин ҳамларо кушта ва шумореро низ боздошт кард. Бархе аз куштаҳои ин амалиёт сокинони шаҳри Норак буданд, ки маҳалли таваллуди Тоҷиддин Назаров низ ҳаст.