Панҷумин ҳамоиши донишмандони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Рӯзҳои 23-24 октябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси панҷуми донишмандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад, ки бо ҳузури олимону муҳаққиқони намоён ва роҳбарони муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ба истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадафи асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми фундаменталӣ, инчунин такмили раванди рақамикунонӣ дар маориф ва илм дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Дар ҳошияи форум ҳамзамон ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Ташкилкунандагони форум Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мебошанд.