Оташсӯзӣ дар бозори “Баракат”- и Тоҷикистон
Август 07, 2018 13:47 Asia/Dushanbe
Субҳи имрӯз, 7 август дар бозори “Баракат” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом оташсӯзӣ рух дод.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, яке аз мухотабони ин сомона бо ирсоли ду акс аз маҳалли ҳодиса хабар дод, ки рӯзи 7 август дар бозори “Баракат”, воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом оташсӯзӣ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, бештар мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафтаанд.
Иллати оташсӯзӣ ҳанӯз мушаххас нест, вале ба гуфтаи шоҳидон, бо вуҷуди зуд омадани мошинҳои оташнишонӣ чандин мағоза ба таври комили сӯхта хокистар шудааст.