Август 08, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои дуздии пахта аз Тоҷикистон

Додгоҳи шаҳри Рига, пойтахти ҷумҳурии Латвия дар каронаи баҳри Балтика як бозаргони афғониро ба иттиҳоми дуздии 80 вагон нахи пахта аз Тоҷикистон, ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Латвия, Ғуломмуҳаммади Ғуломӣ ба иттиҳоми дуздии 80 вагон нахи пахта аз Тоҷикистон дар соли 2012, ба 10 соли зиндон ва пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 9 миллион евро маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, ин фард бо ҳамдастии ҳамсараш Валентина Ғуломӣ ва як зани дигар ба исми Лариса Карпенко дар соли 2012 бо сохтакории асноди гумрукӣ, ин маҳмуларо аз Тоҷикистон дуздида ва ба фурӯш расондаанд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ин ду зан низ ба иттиҳоми мушорикат дар ин парвандаи қазоӣ, ба 7 ва 5 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Расонаҳои кишвари Латвия навиштаанд, ин мавзуъ борҳо дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аммо мушкили умда барои ба натиҷа расидани ин моҷаро ин буда, ки ширкати содиркунандаи ин миқдор нахи пахта аз Тоҷикистон ба Латвия, дар кишварҳои дигар сабт шуда ва ин омил муҷиби ба дарозо кашондани таҳқиқот шудааст.

Ширкате, ки содиркунандаи нахи пахта аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, на дар қаламрави ин кишвар, балки дар ҷазоири Панама сабти ном шудааст.