Эътирози зани сатрпуши тоҷик ба иҷбори кашфи ҳиҷоб
Сомонаи Ахбор як видеоеро нашр кардааст, ки саҳнаи эътирози як зани сатрпуши тоҷикро нишон медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон, сомонаи Ахбор тавзеҳ дод ин зани бо ҳувияти номълум ба мардуми ҳозир дар он саҳна гуфтааст қасд дорад ба нишонаи эътироз худро ба зери мошин андозад ва ба истилоҳ худкушӣ кунад.
Вай гуфтааст мақомот ба иллати доштани ҳиҷоб ӯро аз маҳали кораш дар бозор ихроҷ кардаанд ва ҳатто неруҳои амниятӣ сарзада ба манзилаш омада ва хостори тарки ҳиҷоби вай шудаанд.
Зоҳиран ин видеои зикр шуда дар хиёбоне наздики сохтмони марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сабт шудааст;аммо замони сабти он мушаххас нест.
Ҳануз мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи видеои нашршуда аз зани эътирозгар, тавзеҳе надодаанд.