Такзиби музокираи Душанбе бо Теҳрон дар бораи хариди нафт
(last modified 2018-08-11T06:49:42+00:00 )
Август 11, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Такзиби музокираи Душанбе бо Теҳрон дар бораи хариди нафт

Бо вуҷуди он ки овозаи интиқоли нафт аз Эрон ба Тоҷикистон тайи солҳои гузашта зиёд шуда буд, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти тоҷик дар бораи ин мавзуъ бо мақомоти эронӣ ҳеч музокирае надоштаанд.

Ба гузориши «Спутник», Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода ин матлабро дар гуфтугӯ бо хабаргузории русии РИА Новости  зикр кардааст.

Мақомоти эронӣ дар моҳи феврали соли 2016 аз интиқоли 2. 9 миллион литр равғани дизелӣ (солярка) хабар дода буданд, ки ин иқдом дар пайи лағви таҳримҳо алайҳи Эрон амконпазир шуда буд.

Ҳамчунин дар солҳои гузашта масъулон изҳор дошта буданд, эҳтимол дорад байни Тоҷикистон ва Эрон лӯлаи интиқоли нафт, газ ва об кашида шавад.

Дар ҳоли ҳозир маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз роҳи Русия интиқол меёбад ва Қазоқистон низ таъминкунандаи гази мойеи Тоҷикистон аст.