Дуои ҳоҷиёни тоҷик барои сарбаландии форсизабонон
Ҷамъе аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ имрӯз, 11 – уми август дар гуфтугӯ бо хабарнигори эъзомии Садои Хуросон ба Маккаи Муаззама, бар ваҳдат ва ҳамдилии мусалмонон то нобудии душманони қасамхӯрдаи Ислом таъкид карданд.
Нуъмон, яке аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ ба хабарнигори Садои Хуросон гуфт: “Ҳамаи мо бояд барои иттиҳоди мусалмонон ва рафъи нофаҳмиҳо байни кишварҳои мусалмон талош кунем ва аз Худованди карим сарбаландии Ислому муслимин ва тоҷикону форсизабонон дар саросари оламро талаб кунем”.
Абубакр, яке дигар аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ бароварда шудани ҳоҷоти мусалмонон ва шифои маризонро аз Худованди карим дархост карда ва гуфт: “Мо дар муддати 30 рӯзи ҳузур дар Макка ва Мадина, дар канори дигар мусалмонони ҷаҳон рӯ ба сӯйи як маъбуд дорем ва танҳо ӯро мепарастем ва бояд аз ҳар хел ширку нифоқ дур бошем”.
Муҳаммад, ҳоҷии дигар аз Тоҷикистон мегӯяд, бино ба эъломи масъулони Тоҷикистон, беш аз шаш ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба Макка сафар кардаанд, ки дар канори ҳаҷгузорон аз саросари ҷаҳон маносики ҳаҷро ба ҷо меоранд.