Баргузории нахустин нишасти Шӯрои тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон
(last modified Sun, 12 Aug 2018 03:38:00 GMT )
Август 12, 2018 08:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин нишасти Шӯрои тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон

Нахустин нишасти Шӯрои тоҷирони Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳузури масъулини утоқҳои бозаргонӣ, санъат ва тиҷорати ду кишвар дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ташхиси масирҳои муҳимми мушорикати дуҷониба ва имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои мутақобили судманд дар дастури кори нишасти рӯзи шанбеи Шӯрои тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе буд.

Дар поёни ин нишаст, тавофуқномае дар заминаи эҷоди Шӯрои тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозори Тоҷикистон 84 ширкати муштараки қазоқ ва тоҷик фаъолият мекунанд.