Август 12, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми хонаводаи 27 нафариро бидуни тағйир гузошт

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони 27 узви як ҳонавода аз ноҳияи Исфараро, ки ба иттиҳоми қасди рафтан ба Сурия маҳкум шуда буданд, бидуни тағйир гузошт.

Ба гузориши Спутник, хонум Фирӯза Аҳмадзода, қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки эътирози вакилони мудофеи хонаводаи Насриддинов ба ҳукми маҳкумияти ин афрод ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ-ро баррасӣ кардааст, аз бидуни тағйир гузоштани ҳукми додгоҳи вилояти Суғд, алайҳи онон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки 27 узви хонаводаи Насриддинов, ки сокинони ноҳияи Исфара дар вилояти Суғди Тоҷикистон мебошанд, дар моҳи марти соли 2017 талош карданд, ки бо убур аз марзи Туркия ба Сурия раванд ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд. Марзбонони турк 9 нафар аз ин афрод ба шумули модари71 солаи ин хонаводаро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карданд. Аммо 18 узви дигари ин хонавода акнун дар дохили Сурия ба сар мебаранд. Додгоҳи вилояти Суғд мушаххас кардааст, ки Баҳодур Насриддинов фаразанди 45 солаи ин хонавода, тарроҳи аслии интиқоли онон ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ мебошад, ки ба 17 сол зиндон маҳкум шуд. Ду фарзанди дигари ин хонавода ҳар як ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 12 солу шаш моҳ зиндон маҳкум шудаанд.

Модари 71 солаи онон, духтарон ва арусонаш низ ба ҳамин иттиҳом ба 12 сол зиндон маҳкум шудаанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ононро бидуни тағйир гузошт.