Август 12, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ба Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон унвони

Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон "Доктори фахрӣ" дод.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии раисиҷумҳур,  Ҳафиз Пашаев ректори Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, унвони Доктори фахриро рӯзи шанбе таи як барномаи фарҳангӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дод.

Ин унвон ба хотири саҳми арзанда ва талошҳои Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеъаи муносибатҳои дустӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муъассисаҳои олии таълимии ду кишвар ба вай  эъто шуд.

Дар идомаи маросим Раҳмон барои устодон ва донишҷӯёни ҳозир дар ҷаласа суханронӣ ва аз пазироии самимии мақомоти Озарбойҷон ва баргузор кунандагони маросим ва низ додани унвони Доктори фахрӣ ба вай сипосгузорӣ кард.