Август 12, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Иҷозаи хориҷ шудан аз кишвар ба бастагони ҳомии ҳуқуқи инсони тоҷик

Мақоимоти Тоҷикистон пас аз як ҳафта ба наздикони Шабнами Худойдодова ҳомии ҳуқуқи инсон иҷоза додаанд, то ба хориҷ аз Тоҷикистон сафар кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Шабнам Худойдодова ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар Полша кор ва зиндагӣ мекунад шаби 11 август ба сомонаи Ахбор хабар дод билохира мақомоти Тоҷикистон ба хешовандонаш иҷозаи сафар доданд.

Ба гуфтаи вай, модараш Гулиҷамиламо Худойдодова ба ҳамроҳи Фотима Давлатова духтари 10 солаи ӯ ва Комрон Худойдодов бародари вай, шаби 11 август бо ҳавопаймои  Сомон Эйр аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон парвоз карданд.

Қарор аст онҳо дар идомаи сафар аз Алма-Ато ба Аврпуо парвоз кунанд ва дар онҷо ба Шабнам Худойдодова бипайванданд.

Шабнам Худойдодова мегуяд: Ҳарчанд, то расидани мусофиронам ба Аврупо дилам пур нест, вале мақомоти Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд дигар ҳеҷ мумониъате барои сафарашон вуҷуд надорад ва метавонанд ба ҳар ҷое, ки бихоҳанд парвоз кунанд.

Вай ду акс аз наздиконашро низ барои сомонаи Ахбор ирсол кардааст, ки бастагонашро лаҳазоте қабл аз парвоз дар ҳоле, ки дар дохили ҳавопаймо нишастаанд, нишон медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, мушаххас нест, ки иҷозаи парвоз ба наздикони ин  ҳомии ҳуқуқи инсонро кадом ниҳоди расмии Тоҷикистон додааст, аммо ин тасмим пас аз эътирозҳои фаровон ба хотири фаровардани хешовандони Шабнам Худойдодова аз ҳавопаймо гирифта шуд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 4 август ба модар, духтар ва бародари Шабнам Худойдодова ба далели инки номҳои онҳо дар руйхатти шахсони таҳти пайгард буд иҷозаи хориҷ шудан аз кишвар надоданд ва онҳоро аз ҳавопаймо баргардонданд.