Август 14, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли панҷуним миллион метри муккааб гази Узбакистон ба Тоҷикистон

Мақомоти ширкати давлатии интиқоли гази Тоҷикистон гуфтаанд, тайи чаҳор моҳи нахусти имсол панҷуним миллион метри муккааб гази Узбакистонро ба Тоҷикистон мунтақил кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Абдуллоҳ Қурбонов, яке аз мақомоти ин ширкат гуфтааст, дар ҳоли ҳозир Корхонаи арзизи Тоҷикистон аз гази воридотии Узбакистон истифода мекунад, зеро бахши хонагӣ ва соири корхонаҳои саноатии Тоҷикистон феълан ба иллати панҷ соли вақфа ва ниёз ба таъмир доштани хутути интиқоли гази Узбакистон дар дохили Тоҷикистон наметавонанд аз гази содиротии кишвари ҳамсоя истифода кунанд. Ӯ таъкид кардааст, бар асоси тавофуқи ду кишвар, то поёни соли ҷорӣ интиқоли 51 миллион метри муккааб газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар назар аст. Абдуллоҳ Қурбонов қимати ҳар як ҳазор метри муккааб гази содиротии Узбакистон ба Тоҷикистонро 100 доллар эълом кардааст.

Содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон панҷ сол қабл қатъ шуда буд, ки дар он замон Душанбе барои хариди ҳар як ҳазор метри муккааби гази содиротии кишвари ҳамсоя 300 доллар пардохт мекард. Ҳамзамон бо нахустин дидори расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон пас аз панҷ соли вақфа аз сар гирифта шуд.