Август 16, 2018 16:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2018

Ожонсии омори Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи мубодилаи тиҷории ин кишвар ва Узбакистон дар ҳафт моҳи нахусти соли ҷории милодӣ, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ожонсии омори вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар гузорише, мубодилаи дуҷонибаи тиҷории Душанбе ва Тошкандро, тайи ин муддат беш аз 161 миллион доллар эълом кард, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2017 милодӣ, 2.3 баробар бештар аст.

Узбакистон дуввумин кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд баъд аз Молдова мебошад, ки бо Тоҷикистон таодули тиҷории мусбат дорад.

Беш аз 67 миллион доллар аз маҷмӯи тиҷорати мутақобили ду кишвар, марбут ба воридоти колоҳои узбакӣ ба Тоҷикистон ва 94 миллион доллар ба содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба ин кишвар марбут аст.

Ин дар ҳоле аст, ки аз нахустин рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон то ин замон, воридоти маҳсулоти узбакӣ ба Тоҷикистон ҳамеша бештар аз содироти колоҳои тоҷикӣ ба ин кишвар будааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ дар поёни ҳамоиши тоҷирони тоҷик ва узбак дар шаҳри Душанбе, 16 санад дар заминаи содироти маҳсулот ва хадамоти Тоҷикистон ба Узбакистон ба мизони 482 миллион доллар ва воридоти колоҳои узбакӣ ба ҳаҷми 143 миллион доллар ба имзо расида буд.

Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон арзизи аввалия, барқ, пахта, маъдан, семент, чарми хом, пила, абрешими хом, порчаҳои мухталиф, фарш ва ғайра содир мекунад.

Узбакистон ҳам маҳсулоти нассоҷӣ, нерӯҳои маъданӣ, плостик, кафш, кафел, фулузот, таҷҳизоти электрикӣ ва механикӣ ба Тоҷикистон ирсол мекунад.