Август 19, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Мушкили бозгардондани занон ва кӯдакони тоҷик аз Ҳасакаи Сурия

Намояндаи созмони байналмилалии Салиби Сурх эълом кардааст, ки дар яке аз урдугоҳҳои таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Ҳасакаи Сурия шаш зан ва 9 кӯдаки тоҷикистонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд ба кишварашон баргарданд.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, намояндаи ин созмон гуфтааст, ки дар ин маврид ба ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода шуда ва мунтазири иқдомоти давлати Душанбе барои бозгардондани ин афрод мебошанд.

Акнун феҳрасти номҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия ва ба ҳукумати ин кишвар ироа шудааст, ки наздик ба як сол мешавад мунтазири иқдомоти амалии ҳукумати ин кишвар мебошанд.

Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин феҳрастро дарёфт кардаанд ва дар пайи ёфтани роҳи ҳалле ҳастанд, ки битавонанд ин 15 нафарро аз Сурия хориҷ кунанд.

Мушкил умда дар роҳи расидан ба маҳалли нигаҳдории шаҳрвандон Тоҷикистон дар урдугоҳи таҳти назари СММ дар Ҳасакаи Сурия амнияте мебошад, ки бояд сафари амни дипломатҳои тоҷикро ба ин маҳалл, тазмин кунанд.

Агар дар Ироқ теъдоде аз занони ҷангҷӯёни кушта шудаи тоҷики узви гурӯҳи ДИИШ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи террористӣ, вуруди ғайри муҷоз ба қаламрави ин кишвар ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, дар Сурия хонаводаҳои ин афрод, таҳти пайгарди қазоӣ қарор намегиранд.

Бар асоси омори мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки теъдоде аз онон кушта шудаанд ва аъзои хонаводаҳои ин афрод, бояд аз ин ду кишвари арабӣ ба Тоҷикистон бозгардонда шаванд.