Август 20, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Ожонси давлатии содирот дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармоне таъсиси Ожонси давлатии содироти вобаста ба ҳукумати ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки ҳадаф аз таъсиси Ожонси давлатии содироти вобаста ба ҳукумати ин кишвар мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ аст.

Бар асоси ин фармон, ожонси ҷадид дорои 36 корманд ва се мошини идорӣ хоҳад буд ва авомили он аз ҳисоби коҳиши кормандони дигар созмонҳо ва идороти ҳукуматӣ истихдом мешаванд.

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки кормандони Ожонси давлатии содирот бояд заминаи афзоиши арзаи маҳсулоти бокайфият ва дорои рақобатро дар бозорҳои минтақа фароҳам созанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Нуриддин Қайюмов, иқтисодшинос ва узви Академияи улуми Тоҷикистон гуфтааст, дар шароите, ки тарози бозаргонии Тоҷикистон ба нафъи воридот аст, идомаи ин раванд наметавонад рушди иқтисодии кишварро таъмин кунад, зеро манфӣ будани тарози тиҷорати бозаргонии Тоҷикистон ба нафъи воридот, боиси афзоиши қарзи хориҷии ин кишвар ва варшикастагии бахши хусусӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Қайюмов, ҳамасола Тоҷикистон ба маблағи се миллиард доллар муомилоти тиҷории хориҷӣ дорад, ки ду миллиарди он воридот ва як миллиард доллар низ содирот аст.

Аз дидгоҳи ин иқтисоддон, бидуни рушди содирот аз ҳисоби сохти корхонаҳои санотаии нав ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва низ ислоҳи тавозуни тиҷорати хориҷӣ ба нафъи содирот, таъмини рушди иқтисоди Тоҷикистон ғайримумкин аст.