Август 21, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Сохти нахустин муҷтамаи истихроҷи нуқра дар вилояти Бадахшон ба дасти чиниҳо

Ширкати чинии “Minerales S.A” нахустин муҷтамаи истихроҷ ва коркарди нуқраро дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон бунёд хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон пас аз баррасии ин тарҳ бо мудирияти ширкати ёдшудаи чинӣ гуфтааст, ки сохти ин муҷтамаъ заминаи истихроҷи нуқраро аз майдони Аличур дар ноҳияи Мурғоб ва эҷоди шуғл барои ҷавонони бекори ин минтақа фароҳам месозад.

Муҷтамаъ ё комплекси истихроҷи нуқра дар ноҳияи Мурғоб шомили се корхонаи истихроҷ, фароварӣ ва табдили маъдани хока ба унсури нуқра хоҳад шуд, ки бузургтарин тарҳи коркарди маъдани кӯҳӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон ба ҳисоб меояд.

Ин муҷтамаъ аз зарфияти коркарди 300 тон маъдани нуқра дар шабонарӯз бархурдор хоҳад шуд, ки иқдоми муҳиме дар барномаи истихроҷи маъдан дар вилояти Бадахшон  - ҳамчун як минтақаи сардсери кӯҳистонӣ маҳсуб мешавад.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон дорои захоири фаровони маъдани мухталиф, аз ҷумла лаъл, лоҷувард, ёқут ва нуқра мебошад, ки барои истихроҷ ва коркарди ин манобеъ ба ҷазби сармояи хориҷӣ ва фановариҳои ҷадиди коркард ва фароварӣ ниёз аст.