Август 21, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Вуруд ба хонаҳо ба баҳонаи қонуни танзим муғойир бо ҳуқуқи шаҳрвандӣ

Ҳуқуқшиносони созмони хадамоти ҳуқуқии “Ҳимоят” тасмими Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистонро барои саркашӣ ба хонаҳои мардум ва баррасии суфраҳои идонаи онон ба чолиш кашидаанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин ҳуқуқшиносон мегӯянд, дастури чидани суфраи содда дар андозаи 1.5 метр дар 1.5 метр ва вуруд ба хонаҳои шаҳрвандон дар Қонуни анъана ва танзими ҷашну маросим аслан вуҷуд надорад ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.

Дар остонаи фаро расидани иди Қурбон Кумитаи умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, дар сурати исрор дар чидани суфраҳои рангини иди Қурбон, панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Мақомоти ин кумита гуфтаанд, дар рӯзи иди Қурбони имсол гурӯҳҳои назоратии муташаккил аз кормандони ин ниҳод ба таври тасодуфӣ аз хонаҳои мардум боздид мекунанд ва дар сурати мушоҳидаи исрофкорӣ дар чидани суфраҳои идона, соҳибони ин хонаҳоро ҷарима хоҳанд кард.

Аммо ҳуқуқдонони созмони хадамоти ҳуқуқии “Ҳимоят” таъкид мекунанд, ки дар Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон абъоду андозаи суфра ё дастархон мушаххас нашудааст ва вуруд ба хонаҳои шаҳрвандон бидуни муҷаввизи додгоҳ ва иҷозаи моликони хонаҳо мамнуъ аст.

Ин дар ҳолест, ки Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо радди иддаои бархе аз коршиносон, ки чунин иқдомеро мудохила дар умури хусусии шаҳрвандон медонанд, гуфтааст, қонун ҳомии адолати иҷтимоӣ ва мутобиқ бо манофеи мардум аст.