Фармони ҷадиди Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи либоси омӯзгорони зан
Мақомоти идораи маорифи шаҳри Ҳисор эълом кардаанд, ки аз аввали моҳи сентябр муаллимони зан ё бояд бо домани кӯтоҳ ва либоси аврупоӣ ба кор ҳозир шаванд ва ё дархости истеъфои худро бинависанд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин мақомот гуфтаанд, ки ин фармонро Вазорати маориф ба тамоми мактабҳои ин кишвар эълом карда ва омӯзгорони зан бояд бо кофтаву юбкаи аврупоӣ, ки аз соқи по як ваҷаб боло бошад, бар сари дарс ҳозир шаванд ва дар сурати мухолифат, ихроҷ мегарданд.
Ба ин афрод дастур дода шудааст, ки дар нишастҳои муаллимон, ки маъмулан дар Тоҷикистон дар остонаи оғози соли таҳсилии ҷадид дар маркази ноҳияҳои ин кишвар баргузор мешавад, бо либоси ҷадиди аврупоӣ ҳозир шаванд.
Теъдоде аз омӯзгорони зан, ки беш аз 40 сол собиқаи тадрис доранд ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки бар чӣ асос ононро дар ин синну сол боло ба пӯшидани либоси аврупоӣ, маҷбӯр мекунанд ва магар пӯшидани либоси аврупоӣ мӯҷиби афзоиши илму дониши шогирдон мешавад, ки дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир тамомии талоши худро рӯи либос мутамаркиз кардаанд?
Дар Тоҷикистон пас аз мамнуъияти пӯшидани ҳиҷоб дар марокизи омӯзишӣ ва идороти давлатӣ, акнун дар пайи эъмоли барномаи илзомӣ кардани либоси аврупоӣ барои омӯзгорони зан баромадаанд, ки аз нигоҳи коршиносон ва ҳуқуқдонон, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон башумор меравад.