Август 28, 2018 08:31 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Толибон барои бахши гардишгарӣ ва амнияти Тоҷикистон

Коршиноси Маркази омӯзиши масоили Афғонистони муосир дар Русия муътақид аст, ки истиқрори Толибон дар марз бо Тоҷикистон барои бахши гардишгарӣ ва амнияти Тоҷикистон хатарсоз мебошад.

Ба гузориши “Спутник”, Дмитрий Верхотуров гуфтааст, ки ишғоли чанд постгоҳи марзии Афғонистон ба дасти Толибон дар вилояти Тахор ва ҳамлаи ба ҷангалбонони тоҷик дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки мӯҷиби кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон гашт, аломати баде аст, ки дар марзи муштараки ин ду кишвар ташаннуҷ эҷод мекунад.

Ба гуфтаи Верхотуров, дар даҳаи 1990 ноамниҳои зиёде дар марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки агар ин шароит дубора ҳоким гардад, барои амният ва бахши гардишгарии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.

Ин коршиноси масоили Афғонистон пешбинӣ кардааст, ки бо афзоиши таҳаррукоти гурӯҳи Толибон дар манотиқи ҷудогонаи марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон даргириҳо рух медиҳад ва ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир аз ноамнӣ дар марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон ба нафъи хеш истифода баранд. Ба эътиқоди Дмитрий Верхотуров, дар ҳоли ҳозир мушаххас нест, ки Толибон қасди қудратнамоӣ дар марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро дорад, ё ин ки мехоҳад бо эҷоди ноамнӣ ба бахши рӯ ба рушди гардишгарии Тоҷикистон зарба ворид кунад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба худрави ҷангалбонони тоҷик дар ноҳияи Фархор, дар марзи ин кишвар бо вилояти Тахори Афғонистон ду муҳитбон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.