Сентябр 08, 2016 10:57 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои гирифтани 368 ҳазор тонна пахта

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз талоши ширкатҳои кишоварзии ин кишвар барои гирифтани 368 ҳазор тонна пахта хабар дод.

Ба гузориши сойти "Азия плюс", бо оғози мавсими пахтачинӣ дар ин кишвар мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон умедворанд, ки дар соли ҷорӣ аз ин маҳсули муҳими содиротӣ 368 ҳазор тонна ҳосил хоҳанд гирифт. Бар асоси ин гузориш, ба ин манзур дар соли ҷорӣ ба масоҳати беш аз 162 ҳазор ҳектор замин пахта кишт шудааст, ки вилоятҳои Хатлону Суғд аз умдатарин манотиқи кишти пахта ба ҳисоб мераванд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон наздик ба 160 ҳазор гектар замин ба кишти пахта ихтисос ёфта буд.

Бар асоси барномаи Ҳукумати Тоҷикистон, мебоист дар соли 2015 дар ин кишвар 390 ҳазор тонна пахта бардошта мешуд, ки амалан ин шохис ба 270 ҳазор тонна расид.

Лозим ба зикр аст, ки дар Тоҷикстон дар даврони пеш аз истиқлол аз ҳудуди 500 ҳазор ҳектор замин, ки ба кишти пахта ихтисос дошт, солиёна беш аз 900 ҳазор тонна маҳсул бардошт мешуд, аммо акнун ба далели набудани сармоягузорӣ, суди болои қарзҳои бонкӣ, фарсуда шудани техникаҳои кишоварзӣ, гарон будани қимати сӯхту нуриҳои минералӣ аксари кишоварзони Тоҷикистон ба Русия ба кор рафтанро тарҷеҳ медиҳанд, ки ин амр мӯҷиби коҳиши ҳосили пахта дар ин кишвар шудааст. Пахта пас аз арзиз дувумин маҳсули умдаи содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

 

Барчасп