Август 31, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз 31 август дар шаҳри Норак, ҳамоиши ду рӯзаи байналмилалии гардишгарӣ ба кори худ поён дод.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро табодули назар, пиромуни масоили вобаста ба санъати туризм ва заминасоз барои ҳамкориҳои тӯлонимуддати ҳукумат ва ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон, кишварҳо ва ширкатҳои мушобеҳи хориҷӣ дар иртибот бо анвои равишҳои гардишгарӣ, эълом кардааст.

Дар кори ҳамоиши байналмилалии гардишгарӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти унвони "Тоҷикистон-сарзамини туристӣ" ҷараён дошт, ҳайатҳое аз кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Кувейт, Қазоқистон, Узбакистон ва Утриш ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне соли ҷории 2018-ро, соли рушди гардадшгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом кард. Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2020 беш аз як миллион гардишгари хориҷиро ҷазб кунад.