5 сол зиндони як мунтақиди тоҷик ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Салафия”
(last modified 2018-09-01T03:49:43+00:00 )
Сентябр 01, 2018 08:49 Asia/Dushanbe
  • 5 сол зиндони як мунтақиди тоҷик ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Салафия”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як вебблогнависи мустақили тоҷикро, ки аз мунтақидони мақомоти давлат дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба ҳисоб меомад, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин додгоҳ Ҷунайдуллоҳ Худоёровро, ки ҳангоми кор дар Русия ҳамвора алайҳи мақомоти ҳукуматӣ дар ноҳияи Рашт, ба далели амал накардан ба масъулиятҳояшон матолиби интиқодӣ мунташир мекард, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуаи “Салафия” ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Вай дар матолиби худ мудирони ширкати ангиштсанг, идораи маориф ва молиётро мавриди интиқод қарор дода буд, ки ба маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2017 ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнуаи “Салафия” боздошт шуд.

Қаблан Фатҳуллоҳ Назриев, имоми ҷамоати масҷиди рустои Яшм, аз тавобеи ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон бо ирсоли номае ба раисиҷумҳур, масъулони Додситонии кул, Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз корманди полиси ин ноҳия, ки вайро бо тарсондан ва фишор маҷбур ба додани шаҳодати дурӯғин алайҳи Ҷунайдуллоҳ Худоёров кардааст, шикоят кард.

Ҳамчунин Фарҳод Худоёров, бародарбузурги Ҷунайдуллоҳ Худоёров ва масъули созмони Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар остонаи фарорасии соли 2018 ба иттиҳоми тавҳин ба раиси ноҳияи Рашт ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.

Хонаводаи вай ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ғайриодилона ва фармоишӣ унвон мекунанд ва муддаӣ ҳастанд, ки Ҷунайдуллоҳ Худоёров қурбонии ифшогариҳо дар бораи фасоди молии мақомоти ҳукуматӣ дар ноҳияи Рашт шудааст.