Таҳдиди мусофири тоҷик ба бомбагузорӣ, ҳавопаймои русиро маҷбур ба бозгашт кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37765-Таҳдиди_мусофири_тоҷик_ба_бомбагузорӣ_ҳавопаймои_русиро_маҷбур_ба_бозгашт_кард
Ҳавопаймои яке аз хутути ҳавоии Маскав баъд аз таҳдиди як марди тоҷик ба инфиҷори бомби дохили ҳавопаймо маҷбур ба бозгашт ба фурудгоҳи ин шаҳр шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди мусофири тоҷик ба бомбагузорӣ, ҳавопаймои русиро маҷбур ба бозгашт кард

Ҳавопаймои яке аз хутути ҳавоии Маскав баъд аз таҳдиди як марди тоҷик ба инфиҷори бомби дохили ҳавопаймо маҷбур ба бозгашт ба фурудгоҳи ин шаҳр шуд.

Ба нақл аз Акипресс, рафтори Давлатқадам Давлатқадамов боис шуд, ки ҳавопаймо аз роҳ ба фурудгоҳи "Жуковский” баргардад.

Ба зидди ӯ ҳоло парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, вале падараш Саидқадам Давлатқадамов мегӯяд, писараш бемори рӯҳист ва ӯро барои табобат ба Тоҷикистон мефиристоданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки ба зидди ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки шоми 29 август дар дохили ҳавопаймои Маскав-Душанбе даст ба авбошӣ ва латукӯби меҳмондор (стюардесса)-и ширкати "Уралские авиалинии” зада, таҳдиди таркондани ҳавопайморо кард, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳавопаймо, ки соати 19:15 аз фурудгоҳи Жуковский парвоз кард, соати 20:40 ба ин фурудгоҳ баргашт.

Маркази матбуоти Раёсати байниминтақавии тафтишот дар нақлиёти Маскав ба зидди ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бар асоси қисми якуми моддаи 23-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ дар дохили ҳавопаймо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.