Сентябр 03, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Далели оғоз нашудани сохти корхонаи тилло дар ноҳияи Айнӣ

Бо гузашти ду моҳ аз гузошта шудани санги сохтмони корхонаи коркарди тиллои "Талко Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ, сохти ин тарҳ ҳанӯз оғоз нашудааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, манобеи ҳукумати ноҳияи Айнӣ гуфтаанд, ки иллати оғоз нашудани сохти корхонаи ҷадиди коркарди тилло дар мавзеи Кончоч ихтилофи назар миёни мақомоти Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ва мудирияти ширкати чинии муҷрии ин тарҳ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ду моҳ қабл санги сохтмони корхонаи коркарди тиллоро дар мавзеи Кончоч гузошт ва тибқи барнома бояд ин корхона дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Мақомоти молиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар маъдани Кончоч илова бар тилло чаҳор маъдани дигар низ истихроҷ мешавад ва ширкати чинӣ муваззаф ба пардохти молиёт аз ин панҷ навъ маъдан низ ҳаст, аммо мудирияти ширкати чинии муҷрии ин тарҳ исрор дорад, ки танҳо аз истихроҷи тилло молиёт, пардохт хоҳад кард ва бақияи маъданҳо шомили молиёт намешванд.

Гуфта мешавад, ки ин корхона аз зарфияти истихроҷи як ҳазору 500 килограмм тилло ва 16 ҳазор тонна сурма дар соли бархӯрдор хоҳад буд, ки заминаи иштиғоли якҳазору 500 нафарро фароҳам месозад.

Захираи умумии сурма дар ин кон 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз ин корхона пас аз Русия ва Чин, сеюмин тавлидкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон хоҳад шуд.