Сентябр 04, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Автобусҳои хариди Тоҷикистон аз Туркия маътал дар марзи Туркманистон

Автобусҳое, ки Тоҷикистон аз Туркия харидорӣ кардааст, чандин рӯз аст дар марзи Эрон ва Туркманистон маътал монда ва давлати Туркманистон иҷозаи убур ба ин маҳмуларо низ намедиҳад.

Ба нақл аз Афкор Ниюз, бархе ронандагон мошинҳои боркаше, ки гузаргоҳи марзии Лутфобод-Артик дар марзи Эрон ва Туркманистон маътал мондаанд, мегӯянд дар гузаргоҳ марзии Сарахс низ маҳмулаи автобусҳое, ки Тоҷикистон аз Туркия харидорӣ карда мунтазири иҷозаи вуруд ба хоки Туркманистон аст.

Як ҳафта мешавад, ки мошинҳои боркаше, ки аз Эрон ба сӯи Тоҷикистон мераванд, наметавонанд марзи Туркманистонро убур кунанд.

Ишқобод иҷозат надодааст, ки мошинҳои боркаше, ки ба Тоҷикистон мераванд, воруди ин кишвар шаванд.

Ронандаҳои мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи марзии Лутфобод-Артик мегӯянд, ки марзбонони Туркманистон аз шарҳ додани масъала худдорӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар назди гузургоҳи марзӣ беш аз 100 мошини боркаш ҷамъ омадааст. Ронандаҳо дар интизори иҷозати мақомоти Туркманистон мебошанд.

Ронандаи дигари тоҷик афзудааст, ки марзбонони Туркманистон танҳо ба мошинҳое, иҷозат намедиҳанд, ки ба тарафи Тоҷикистон мераванд. Ба гуфтаи вай мошинҳои боркаше, ки ба сӯи Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо равона ҳастанд, бидуни ягон мушкили марзро убур мекунанд.

"Танҳо ба мошинҳои боркаше, ки ба тарафи Тоҷикистон равона мебошанд, иҷозат намедиҳанд" — афзуд вай.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон аз ин ҳодиса хабардор аст.