Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37883-Сафари_кории_Эмомалӣ_Раҳмон_ба_ноҳияи_Ёвон
Субҳи 6 сентябри соли 2018 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2018 08:27 Asia/Dushanbe
  • Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон

Субҳи 6 сентябри соли 2018 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омад.

Ба иттилои сайти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон нахуст корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент”-ифтитоҳ кард.  

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медиҳад.

Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба халтаҳои полупропиленӣ  ба истифода дода шудааст, ки ҳамзамон аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба ғайр аз корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дигар корхонаҳои азими истеҳсоли семент истифода менамоянд.

Сипас президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик шинос шуд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад.