Сентябр 08, 2018 09:59 Asia/Dushanbe
  • 70 рӯз то баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун”

Сайти мудирияти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шумориши баръакс барои баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро оғоз кардааст.

Дар тоблуе дар сомонаи мудирияти нерӯгоҳи обии “Роғун” мушоҳида мешавад, ки шумориши баръакс барои баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар рӯзи 16 – уми ноябрро нишон медиҳад.

Қаблан мудири ширкати итолиёии “Salini Impregilo”, муҷрии такмили тарҳи нерӯгоҳи обии “Роғун” гуфта буд, ки дар моҳи ноябри имсол нахустин турбинаи ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Зарфияти тавлиди барқи нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” 600 мегаватт аст, ки дар мароҳили аввалия бо қудрати 100 мегаватт фаъолият хоҳад кард.

Дар маҷмуъ насби шаш турбина, ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар нерӯгоҳи обии “Роғун” дар назар аст, ки заминаи таъмини ниёзи Тоҷикистон бо барқ ва содироти он ба хориҷро фароҳам месозад.

Ба ин манзур сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи “Роғун” идома дорад, ки бузургтарин садди хокӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, имсол барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ наздик ба панҷ миллиард сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.

Бахши умдаи ин манобеъ даромади ҳосил аз фурӯши саҳмияи молии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар хориҷ аз кишвар аст.

Мақомоти тоҷик муътақиданд, ки барои идомаи сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ба ҷазби чаҳор миллиард доллар сармоя ниёз аст.