Сентябр 08, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон

Бахшида ба фаро расидани рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар сафорати ин кишвар дар Теҳрон бо ҳузури тоҷикони муқими Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷашни истиқлолият таҷлил шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, маросиме бахшида ба бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии ин кишвар бо ҳузури тоҷикони муқими Эрон аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик  баргузор шуд.

Ба навиштаи манбаъ, Неъматуллоҳ Эмомзода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ин ҷашни фархундаро ба ҳозирон ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт.

Неъматуллоҳ Эмомзода дар бораи ин руйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, барномаҳо ва ҳадафҳои муҳим ва ташаббуси байналмиллалии роҳбарияти Тоҷикистон суханронӣ кард.

Ҳамчунин дар ин нишаст наворҳои видеоии суруд ва оҳангҳои миллӣ пахш ва ғизоҳои миллии Тоҷикисмтон пешкаши меҳмонон шуд.