Табрики Рӯҳонӣ ба муносибати солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Сентябр 09, 2018 10:26 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме фаро расидант солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар ин паём бо табрики фарорасидани бисту ҳафтумин солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, дар партави баробарии муштарак, муносиботи дуҷониба дар ҷиҳати таъмини манофеи ду кишвар ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ, тавсеа ва тақвият ёбад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар ин паём барои давлат ва мардуми Тоҷикистон, саломатӣ ва сарбаландӣ орзӯ кард.
Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ буд, ки сентябри 1991, эъломи истиқлол кард.
Барчасп