Эъломи таъсиси Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон алайҳи ҲНИТ
Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики муқими Лаҳистон бо интишори баёнияе аз таъсиси Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Варшава хабар дода, таҳаррукоти аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар ин баёния ҳадаф аз таъсиси Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон талош барои рушд ва пешрафти Тоҷикистон унвон шудааст. Ин баёния таъкид мекунад, ки Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон фаъолияти аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупоро маҳкум мекунад, ки бо паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ кардани хеш қасд доранд, дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистон монеатарошӣ кунанд. Дар ин баёния аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба унвони гурӯҳи террористӣ ва ифротӣ ёд шуда ва эълом шудааст, ки Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон ҳар гуна таҳаррукоти ин ҳизбро дар заминаи сиёҳнамоии воқеиятҳои Тоҷикистон маҳкум мекунад.
Гуфта мешавад, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Лаҳистон 270 нафар аст.
Намояндагони Анҷумани озодандешон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо эъломи таъсиси эътилофи Паймони миллӣ қасди ҳузур дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшаваро доранд. Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон ҳайатеро барои ширкат дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Варшава эъзом кардааст.