Сентябр 11, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии се масири ҷадиди ҳаракати автобус миёни Тоҷикистону Узбакистон

Пас аз вақфаи 25-сола бо ҳаракати нахустин автобусҳои мусофирбарӣ дар се масири ҷадид рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин масирҳо шомили Душанбе – Тирмиз, Душанбе – Деҳнав ва Панҷакент – Самарқанд мебошад, ки пас аз 25 соли вақфа ба тозагӣ заминаи рафтуомади шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсояро фароҳам сохт.

Мақомоти ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон, ахиран, дар нишасте дар шаҳри Душанбе бо мушаххас кардани маблағи кирояи роҳ барои мусофирон дар ин се масир муҷаввизи оғози ҳаракати автобусҳои мусофирбариро содир карданд. Бар ин асос замони ҳаракат дар масири Душанбе – Тирмиз панҷ соату 39 дақиқа мебошад, ки қимати билет барои ҳар мусофир 70 ҳазор суми узбакӣ (муодили 9 доллар) муқаррар шудааст. Аммо дар масири Душанбе – Деҳнав бо замони ду соату 25 дақиқа ҳар мусофир бояд барои як билет маблағи 40 ҳазор суми узбакӣ (муодили чаҳор доллар) пардохт кунад. Барои мусофироне, ки бо автобус аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ба Самарқанди Узбакистон сафар мекунанд ва замони он як соату 25 дақиқа аст, низ қимати билети ҳар мусофир 20 ҳазор суми узбакӣ (муодили дуюним доллар) таъйин шудааст.

Нахустин масире, ки пас аз 25 соли вақфа шоҳиди ҳаракати автобусҳои Тоҷикистону Узбакистон буд, Хуҷанд– Тошканд ва баръакс мебошад, ки аз 15-уми майи имсол оғоз шуд.

Пас аз рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд ба раёсати Шавкат Мирзиёев ва рафъи ихтилофоти Душанбе ва Тошканд, парвози ҳавопаймоҳо, ҳаракати қаторҳо, автобусҳо ва таксиҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя аз сар гирифта шуд.