Сентябр 11, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи озодии 183 зиндонии тоҷик

Муовини раиси Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар Варшава, пойтахти Лаҳистон аз озодии 183 зиндонии сиёсии аъзо ва ҷонибдорони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати ин кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Сайфуллоҳ Сафаров дар Варшава дар гуфтугӯ бо раҳбарони ин аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, ки 183 зиндонии тоҷик дар моҳи ноябри имсол мавриди афв қарор мегиранд ва озод мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни афроде, ки озод хоҳанд шуд, номҳои Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикстон мамнӯи наҳзати исломӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ ва Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Тоҷикистон нав" вуҷуд дорад.

Нишасти Шӯрои башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава шомгоҳи рӯзи 10-уми сентябр оғоз шуд, ки дар он намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳайате аз давлати ин кишвар ҳузур доранд. Дар ҳошияи ин нишаст намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳайате аз давлати ин кишвар дидори кӯтоҳе доштанд, ки муовини раиси Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабари озодии зиндониёни сиёсии ҷонибдори  мухолифонро дар моҳи ноябри имсол эълом кард.

Дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 10 то 21 сентябр дар Варшаваи Полша баргузор мешавад, дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои узви ин созмон баҳсу табодули назар хоҳад шуд.