Тоҷикистон мизбони синамои Узбакистон мешавад
Дар Тоҷикистон 15–17 сентябри соли равон рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба нақл аз Форс, рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон 15 сентябр дар "Кохи Наврӯз" шурӯъ мешавад.
Дар рӯзҳои синамои Узбакистон барои тамошобинон филмҳое пешниҳод мешаванд, ки синамогарони узбак дар даҳ солаҳои охир ба навор гирифтаанд.
15 сентябр, соати 18:30 дар толори кинотеатри Кохи Наврӯз филми "Барон" ба намоиш гузошта мешавад.
Инчунин намоиши филмҳои гуногуни узбакӣ дар кинотеатрҳои мухталифи Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад. 16 сентябр, соати 10:00 дар кинотеатри "Зебуниссо", соати 11:00 дар кинотеатри "Лоҳутӣ"-и шаҳри Бохтар, соати 14:00 дар кинотеатри "Ватан" ва соати 17:00 дар кинотеатри "Зебуниссо" ба намоиш гузошта мешаванд.
Қарор аст, 17 сентябр миёни Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ва Агентии миллии "Узбаккино", Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.